Кодекси маблағгузории занони соҳибкор

Ташаббуси миллӣ барои рушди соҳибкории занон

Қарз барои соҳибкорони инфиродӣ Амонатҳо Соҳибкорӣ

Дар бораи Кодекс

Кодекси маблағгузории занони соҳибкор (WeCode ё Code) як ташаббуси муҳими байналмилалӣ ва бисёрҷониба ба ҳисоб рафта, ба бартараф намудани маҳдудиятҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар самти дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои молиявӣ равона гардидааст. Ин ташаббус ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар иштирокчиёни калидии бозор барои рушди соҳибкории занон баромад менамояд.

Дар доираи амалисозии Кодекси мазкур, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки экосистемаҳои гуногуни молиявиро намояндагӣ мекунанд, ба ҳамкорӣ ҷалб гардида, ӯҳдадор мешаванд, ки принсипҳо ва равишҳои пешрафтаро дар самти дастгирии занони соҳибкор татбиқ намоянд.

Ҳадафҳо ва самтҳои асосии Кодекс аз инҳо иборат мебошанд:

Татбиқи Кодекси мазкур ба фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ барои занон, баланд бардоштани нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Имзокунандагон